Аҳкоми таҳорат

Оби мутлақ ва музоф

Масъалаи 20: Об ё мутлақ аст ё музоф: оби музоф обе аст, ки онро аз чизе бигиранд, мисли оби тарбуз ва нок, ё бо чизе махлут бошад, мисли обе, ки ба қадре бо гул ва монанди он омехта шавад, ки дигар ба он об нагўянд ва ғайри инҳо оби мутлақ аст. Ва оби мутлақ бар панҷ қисм аст, аввал оби кур. Дуввум оби қалил. Севвум оби ҷорӣ. Чаҳрум оби борон. Панҷум оби чоҳ.

Масъалаи 21: Оби кур миқдори обе аст, ки агар дар зарфе, ки дарозӣ ва паҳноӣ ва чуқурии он ҳар як севу ним ваҷаб аст,  (ба ҳисоби литр...) бирезад он зарфро пур кунад. Ва вазни он аз саду бисту ҳашт мани табрез бист мисқол камтар бошад.

Масъалаи 22: Агар айни наҷас монанди бавлу хун ба оби кур бирасад ва ба воситаи он бў ё ранг ё мазаи об тағйир кунад об наҷас мешавад ва агар тағйир накунад наҷас намешавад.

Масъалаи 23: агар яке аз сифатҳои оби кур ба воситаи ғайри наҷосат тағйир кунад, наҷас намешавад.

Масъалаи 24: Агар айни наҷас монанди хун ба обе, ки бештар аз кур аст бирасад ва бў ё ранг ё мазаи қисмате аз онро тағйир диҳад. Чунончи миқдоре, ки тағйир накарда камтар аз кур бошад тамоми об наҷас мешавад ва агар ба андозаи кур ё бештар бошад фақат миқдоре, ки бў ё ранг ё мазаи он тағйир карда наҷас аст.

Масъалаи 25: Оби фаввора агар муттасил ба кур бошад дар сурате, ки қабл аз қатра қатра шудан ба оби наҷас муттасил шавад ва бинобар эҳтиёт воҷиб бо он омехта шавад онро пок мекунад, вале агар баъд аз қатра қатра шудан рўи оби наҷас бирезад онро пок намекунад.

Масъалаи 26: Агар чизи наҷасро зери ҷумаки обе, ки ба оби кур васл аст бишўянд, обе, ки аз он чиз мерезад агар муттасил ба кур бошад ва бў ё ранг ё мазаи наҷосат нагирифта бошад пок аст.

Масъалаи 27: агар миқдоре аз оби кур ях бандад ва боқии он ба қадри кур набошад чунончи наҷосат ба он бирасад наҷас мешавад ва ҳар қадар аз ях ҳам об шавад наҷас аст.

Масъалаи 28: Обе, ки ба андозаи кур буда, агар инсон шак кунад аз кур камтар шуда ё на ҳукми оби курро дорад. Яъне наҷосатро пок мекунад ва агар наҷосате ҳам ба он бирасад наҷас намешавад. Ва обе, ки камтар аз кур буда ва инсон шак кунад, ки ба миқдори оби кур расида ё на, ҳукми оби курро дорад.

Масъалаи 29: Кур буданиоб ба ду роҳ собит мешавад:

Аввал: худи инсон яқин ё итминон пайдо кунад.

Дуввум: ду марди одил хабар диҳанд. Ва ба собит шадани он ба хабари зуляд ишкол аст.

2-Оби қалил

Масъалаи 30: Оби қалил обе аст, ки оби борон ва чоҳ ва оби кур набошад.

Масъалаи 31: Агар оби қалил рўи чизи наҷас бирезад ё чизи наҷас ба он бирасад наҷас мешавад, вале агар аз боло рўи чизи наҷас бирезад миқдоре, ки ба он чиз мерасад наҷас ва ҳарчӣ болотар аз он аст пок мебошад ва низ агар мисли фаввораи бофишор аз поин ба боло равад дар сурате, ки наҷосат ба боло бирасад поин наҷас намешавад ва агар наҷосат ба поин бирасад боло наҷас мешавад.

Масъалаи 32: Оби қалиле, ки рўи чизи наҷас рехта шавад ва аз он ҷудо гардад наҷас аст ва ҳамчунин бинобар ақво бояд аз оби қалиле ҳам, ки баъд аз бартараф шудани айни наҷосат барои об кашидани чизи наҷас рўи он мерезад ва аз он ҷудо мешавад, дурӣ кунанд. Вале обе, ки бо он махраҷи бавл ва ғоитро мешўянд бо панҷ шарт пок аст:

Аввал: Он ки бў ё ранг ё мазаи наҷосат нагирифта бошад.

Дуввум: Наҷосате аз хориҷ ба он нарасида бошад.

Севвум: Наҷосати дигаре мисли хун, бо бавл ё ғоит берун наомада бошад.

Чаҳорум: Зарраҳои ғоит дар об пайдо набошад.

Панҷум: Бештар аз миқдори маъмул, наҷосат ба атрофи махраҷ нарасида бошад.

3-Оби ҷорӣ

Масъалаи 33: Оби ҷорӣ обе аст, ки дорои модда аст ва ҷараён дорад монанди ин ки аз замин биҷўшад ва ҷараён дошта бошад, чун оби чашма ва қанот.

Масъалаи 34: Оби ҷорӣ агарчи камтар аз кур бошад чунончи наҷосат ба он бирасад, то вақте ки ранг, ё бў ё мазаи он тағйир накарда бошад, пок аст.

Масъалаи 35: Агар наҷосате ба оби ҷорӣ бирасад, миқдоре аз он ки бў ё ранг ё мазааш ба воситаи наҷосат тағйир карда наҷас аст ва тарафе, ки муттасил ба чашма аст агарчӣ камтар аз кур бошад пок аст. Ва обҳои дигари наҳр агар ба андозаи кур бошад  ба воситаи обе, ки тағйир накарда ба оби тарафи чашма муттасил бошад пок вагарна наҷас аст.

Масъалаи 36: Оби чашмае, ки ҷорӣ нест вале ба гунае аст, ки агар аз он бардоранд ҳамчунон меҷўшад, чунончӣ наҷосат ба он бирасад, то вақте бў ё ранг ё мазаи он ба воситаи наҷосат тағйир накарда, пок аст.

Масъалаи 37: Обе, ки канори наҳр истода (ин истода сифати наҳраст ё сифати ун обеҳе) ва муттасил ба оби ҷорӣ аст, агар наҷосат ба он бирасад  то вақте бў ё ранг ё мазаи он ба воситаи наҷосат тағйир накарда пок аст.

Масъалаи 38: чашмае, ки масалан дар зимистон меҷўшад ва дар тобистон аз ҷўшиш мемонад фақат вақте ки меҷўшад, агар камтар аз кур ҳам бошад бо расидани наҷас мутанаҷҷис (наҷас) намешавад, магар ин ки бў ё ранг ё мазаи он ба воситаи наҷас тағйир кунад.

Масъалаи 39: Оби лўлаҳои ҳаммом агар ба кур васл бошад мисли оби ҷорӣ аст ва оби лўлаҳои сохтмонҳо агар ба оби кур васл бошад чуночӣ наҷосат ба он бирасад то вақте бў ё ранг ё мазаи он ба воситаи наҷосат тағйир накунад пок аст.

Масъалаи 40: Обе, ки рўи замин ҷараён дорад, вале аз замин намеҷўшад, чунончӣ камтар аз кур бошад ва наҷосат ба он бирасад наҷас мешавад. Аммо агар аз боло ба поин бирезад, чунончи наҷосат ба поини он бирасад болои он наҷас намешавад.

4-Оби борон

Масъалаи 41: Агар бар чизи наҷасе, ки айни наҷосат дар он нест як маротиба борон борад ҷое, ки борон ба он равад пок мешавад. Ва дар фаршу либос ва монанди инҳо фишор лозим нест, вале боридани ду-се қатра кофӣ нест, балки бояд тавре бошад, ки бигўянд боорон меояд.

Масъалаи 42: Агар борон ба айни наҷас борад ва ба ҷои дигар тарашшўҳ кунад, чунончи айни наҷосат ҳамроҳи он набошад ва бў ё ранг ё мазаи наҷосат нагирифта бошад пок аст. Пас агар борон бар хун борад ва тарашшўҳ кунад агар заррае хун дар он бошад ё он ки бў ё ранг ё мазаи хунро гирифта бошад, наҷас аст.

Масъалаи 43: Агар рўи сақфи сохтмон айни наҷосат бошад то вақте борон бар бом меборад обе, ки ба чизи наҷас расида ва аз сақф ё новадон мерезад пок аст. Ва баъд аз қатъ шудани борон агар маълум бошад обе, ки мрезад ба чизи наҷас расидааст наҷас мебошад.

Масъалаи 44: Замини наҷасе, ки борон бар он борад пок мешавад. Ва агар борон бар замин ҷорӣ шавад ва ба ҷои наҷасе, ки зери сақф аст бирасад онро низ пок мекунад.

Масъалаи 45: Хоки наҷасе, ки ба воситаи борон гил шавад ва об онро фаро гирад пок мешавад.

Масъалаи 46: Ҳар гоҳ оби борон бар ҷое ҷамъ шавад агарчи камтар аз кур бошад чунончи мавқее, ки борон меояд чизи наҷасеро дар он бишўянд ва об бў ё ранг ё мазаи наҷосатро нагирад он чизи наҷас пок мешавад.

Масъалаи 47: агар бар фарши поке, ки бар рўи замини наҷас аст борон борад ва бар замини наҷас ҷорӣ шавад, фарш наҷас намешавад ва замин пок мешавад.

 Масъалаи 48: Агар оби борон бо оби дигар дар ҷое  ҷамъ шавад ва камтар аз кур бошад чунончи баъд аз қатъ шудани борон наҷосат ба он расад наҷас мешавад.

5-Оби чоҳ

 Масъалаи 49: Оби чоҳе, ки аз замин меҷўшад агарчи камтар аз кур бошад чунончи наҷосат ба он расад то вақте бўй ё ранг ё мазаи он ба воситаи наҷосат тағйир накарда пок аст, вале мустаҳаб аст пас аз расидани баъзе аз наҷосатҳо миқдоре, куи дар китобҳои муфассал гуфта шудааст аз оби он бикашанд.

Масъалаи 50: Агар наҷосате дар чоҳ рехта шавад ва бўй ё ранг ё мазаи оби онро тағйир диҳад мавқее пок мешавад, ки бо обе, ки аз чоҳ меҷўшад амехта гардад ва ба сабаби он тағйири оби чоҳ аз байн биравад.