Ҷойгоҳи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Симои амр ба маъруф

·        Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мактаб (идеоложӣ) аст.

·        Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мардум аст.

·        Амр ба маъруф, нишонаи тааҳҳуд ва сўзу алоқаи инсон ба саломатии ҷомеа аст.

·        Амр ба маъруф, нишонаи тавалло[1] ва табарро[2] аст

·        Амр ба маъруф, нишонаи озодӣ дар ҷомеа аст.

·        Амр ба маъруф, нишонаи иртиботи байни мардум аст.

·        Амр ба маъруф, нишонаи фитрати бедор аст.

·        Амр ба маъруф, ҳозиру ғоиби воҷибот аст; чаро намоз нахондӣ? Чаро рўза нагирифтӣ?

·        Амр ба маъруф, зомини иҷрои тамоми воҷибот ва наҳй аз мункар зомини тарки ҳамаи муҳаррамот (аъмоли ҳаром) аст.

·        Амр ба маъруф, ташвиқи некўкорон дар ҷомеа аст.

·        Амр ба маъруф, тазаккур ва огоҳ карадани ашхоси ҷоҳилу нодон аст.

·        Наҳй аз мункар, талх кардани коми хилофкорон аст.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар гоз ва тормозе аст, ки мошини ҷомеаро ҳидоят мекунад.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари волидайн аст, ки асоси тарбияти кўдакро ташкил медиҳад.

·         Амр ба маъруф, сабаби дилгармӣ ва қувват гирифтани ашхоси камирода мешавад.

·        Амр ба маъруф, нишонаи ҳузур дар саҳна аст.

·        Амр ба маъруф, мақом ва ҳаққе аст, ки Худованд ба аҳли имон додааст то ба аъмоли якдигар назорат дошта бошанд.

·        Наҳй аз мункар, ҷубронкунандаи камбудии тақвои баъзе аз аъзои ҷомеа аст.

·        Амр ба маъруф ҷомеаро рушд медиҳад ва наҳй аз мункар ҷомеаро аз суқут наҷот медиҳад.

·        Амр ба маъруф, ҳофизи марзҳо ва ҳуқуқи афрод аст; ва ҷомеаи бефарёд ҷомеаи мурда аст ва афроди сокит аз ҷумодоти нафаскашанда бештар нестанд.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва мушкилоти мардумро мушкилоти худ донистан аст.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе карантини руҳӣ дар муқобили айбҳо ва гуноҳони сирояткунанда аст.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе инзиботи иҷтимоӣ аст, яъне маҳдуд кардани тамоюлҳои ашхос дар муқобили салоҳи ҷомеа; дар воқеъ навъе назорат кардани афроди лоуболӣ аст.

·        Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи рушд аст. Ҳазрати Лут аз қавми гунаҳкор пурсид: Оё дар миёни шумо як нафар рашид ҳаст то монеи ин кор шавад? [3]

·        Бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, масоили дохилии ҷомеа ҳал мешавад ва метавонад бо душманони хориҷӣ муқобилият кунад.

Дар аҳамияти амр ба маъруф ҳамин бас аст, ки уламо ба далели иртиботи қалбии инсон бо он, яъне нафрати қалбӣ аз мункар,[4] онро дар усули дин дониста ва ба далели бархўрдҳои амалӣ ва ин ки яке аз воҷибот аст, онро дар радифи фурўи дин – аҳком матраҳ кардаанд. Шаҳиди Сонӣ мефармояд: Оёт ва ривоёти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар он қадар зиёд аст, ки камарро мешиканад.

Ҳамин имрўз агар як абарқудрат ё зўргўе, ки минтақаеро бомбаборон мекунад ва бузургтарин мункаротро анҷом медиҳад, худро дар баробари фарёди ҳамаи кишварҳо бинад, ҳаргиз даст ба ин ҷиноят намезанад. Сукути ҷомеаи байналмилалӣ ва тарси сардорон ва бетафовутӣ ва бехабарии тўдаҳои мардум сабаб шудааст, ки мустакбирони ҷаҳонӣ дар баробари бузургтарин мункароти худ ҳеҷ эҳсоси хатаре накунанд.

Ҳамчунон ки корхонае ба бозрасӣ ва назорати мутахассисон ниёз дорад, ҷомеаи башарӣ ҳам ба назорат ва бозрасии донишмандони исломшинос ниёз дорад. Дар ҳадис мехонем: “Беҳтарин дўст он аст, ки ҳангоми хилоф монеи ту шавад ва бадтарин дўст он аст, ки ба ту тазаккур надиҳад”. Имом содиқ (алайҳис-салом) мефармоянд: «Беҳтарин дўсти ман касе аст, ки айбҳои маро (бо бозгў намудани онҳо) ба ман ҳадя кунад».

Дар ривоят мехонем: “Мўъмин ҳамеша муроқиби корҳои худ аст». Яъне аз худаш ҳисобот мегирад

Оре! Агар мо аз дарун муроқиби худамон бошем ва мардум аз берун муроқиби мо бошанд ва дар боло низоми сиёсӣ ва ҳукумате бошад, ки хубиҳоро ташвиқ кунад ва бадиҳоро пешгирӣ намояд, беҳтарин уммат хоҳем буд.

Чунон ки Қуръон мефармояд: «Шумо беҳтарин уммате будед, ки ба суди инсонҳо офарида шудаанд; зеро ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред”.[5]

Дар Наҳҷ-ул-балоға мехонем: “Тамоми корҳои хайр ва ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо нисбат ба амр ба маъруф мисли рутубати даҳон аст  нисбат ба оби дарё”.[6]


[1]Тавалло – дўстонро Худоро дўст доштан, ки аз усули дин низ мебошад. (м).

[2]Табарро – душманони Худоро душман доштан, ки ин амр низ аз усули дин мебошад. (м).

[3]Сураи Ҳуд ояти 78.

[4]Мункар – корҳои хилоф ва бад.

[5]Сураи Оли Имрон ояти 110.

[6] Наҳҷ-ул-балоға, калимоти қисор.