Ҷилваҳои рафтории ҳазрати Заҳро

Рафтор бо фарзанд (2)

Ибодат дар кўдак

Яке аз меҳварҳои асосие, ки ҳазрати Заҳро ба он диққат менамуд таъкид дошт масъалаи парастиш ва гароиши фарзандон ба анҷоми таклифи (вазифа) ибодӣ ва илоҳӣ буд. Он ҳазрат шавқи бандагӣ ва хуўъро дар баробари маъбуд аз ҳамон даврони кўдакӣ дар ҷони фарзандони худ тақвият намуда ва онҳоро ончунон тарбият кард, ки беҳтарин корҳоро ибодати Худованд дониста ва аз он болотарин лаззатҳоро мебурданд.

Духтари гиромии Паёмбари Ислом(с) бар ин матлаб таъкид дошт, ки бачаҳоро бояд аз хурсолӣ ба анҷоми намоз фаро хонд ва онҳоро ба Худо пайванд диҳад ва тухми муҳаббату иртибот бо маъбудро дар коми онҳо биафшонд то анҷоми таклиф барои онҳо на танҳо ранҷу машаққате надошта бошад, балки бо шавқу иштиёқ ба истиқболи он раванд.

Бар ин асос Фотима фарзандони худро ҳатто ба шабзиндадорӣ одат мекунонд. Албатта ў шеваи тарбиятро ба хубӣ медонист ва ба гунае бархўрд мекард, ки дар ҳадди тавон ва истеъдоди фарзандон бошад.

Ҳазрати дар шаби бисту севвуми моҳи рамазон кўдакони худро ба бедорӣ водор мекард. Мумкин аст касе тааҷҷуб кунад, ки ў чӣ гуна бачаҳоро ба ин кор, ки ҳатто барои инсонҳои калон ҳам заҳмат дорад фаро мехонд.

Ҳазрат дар рўз бачаҳоро мехобонид то комилан истироҳат кунанд ва хўроки камтаре ба онҳо медодто ба ин гуна замина ва мавқеияти беҳтар ва матлубтаре аз назари ҷисмӣ ва руҳӣ барои шабзиндадорӣ дошта бошанд. Ў ба ҳадде ба ин кор ҷиддӣ ва қотеъ буд, ки намегузошт як нафар аз аҳли хона хобаш барад ва мефармуд:

Маҳрум аст касе, ки аз баракати шаби қадр маҳрум бимонад.

Гўё Фотима мехоҳад аз даврони кўдакӣ дар қалби поки фарзандони худ ҷамоли Худоро ба таҷаллӣ дарорад ва забонашонро ба ҳаловату ширинии ибодат ошно кунад ва маҳбуби ростинро ба онҳо нишон диҳад то дар ҷавонӣ ҷазби ҷилваҳои дурўғиннашавад. Ин равиши тарбиятии Фотима ба унвони як суннати бисёр писандида ва қобили иҷро дар гуфтори имомони маъсум низ зикр шудааст.

Аз ҷумла Имом Содиқ фармуданд:

Замоне, ки кўдак ба синни шашсолагӣ расид ўро ба намоз ва агар тавоноии рўзаро ҳам лдорад ба анҷоми он водор намоед.

Марде аз фарзандаш назди Имом Ризо шикоят мекунад, ки як ду рўз намозро намехонад.

Имом пурсид:

Чанд сола аст?

Гуфт:

Ҳашт сола.

Имом гуфт:

Субҳоналлоҳ! Намозро тарк мекунад?!

Ҷавоб медиҳад: Оре, вақте ки бемор аст.

Имом мефармояд:

Ба ҳар андоза метавонад бояд намоз хонад.

Дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ равиши худи имомонро ин гуна зикр менамояд:

Мо фарзандони худро аз панҷсолагӣ ба намоз фаро мехонем ва шумо фарзандонатонро аз ҳафтсолагӣ ба анҷоми намоз водор намоед.

Дар ҳамин мавзўъ Имом мефармояд:

Вақте ки бача ҳафтсола шуд ба ў бигўед дасту рўи худро шўяд ва намоз хонад, аммо вақте ба синни нўҳсолагӣ расид бояд вузўи дуруст ва комилро ба ў омўзед ва супориши муаккад кунед то намоз хонад ва дар сурати зарурат метавонед ўро бо танбеҳ ба намоз водор кунед.

Агар хонавода дар масъалаи парастиши фарзанд аҳамият диҳад ва дар поягузории шахсияти кўдак талош намуда ва ҳисси динии ўро тақвият намояд, самари он дар ҷавонӣ насиби ҳамаи ҷомеаи исломӣ мешавад. Албатта масъалаи танбеҳ бо риояти шароите аст, ки бояд ба он таваҷҷўҳ дошт.

Мусобиқа ва рақобатҳои созанда

Рўбарў сохтани кўдакон бо мушкилот ва фароҳам намудани имкони рақобат барои онҳо боиси эътимод ба нафси онҳо мешавад. Эътимод ба нафс, ки нуктаи муқобили ҳисси ҳақирӣ ва худкамбинӣ ас. Ба қадре арзишманд ва сарнавиштсоз аст, ки падару модари кўдак бояд ба ҳар қимате, ки шавад ин ҳиссро дар кўдаки худ ба вуҷуд оваранд. Зеро дар ғайри ин сурат кўдаки дилбанди худро бидуни ҳар гуна силоҳ ба майдони набард фиристодаанд, ки қудратмандони зиёде дар ин майдон шикаст хўрдаанд. Ба навиштаи баъзе аз равоншиносон яке аз муҳимтарин ҳадафҳо дар тарбияти кўдакон, эҷоди навъе эҳсоси воқеии эътимод ба нафс аст.

Ба шаҳодати таърих фарзандони ҳазрати Фотима ҳаргиз таслими ботил ва нашуданд ва аз зўрии зўрмандон натарсиданд. Дар тамоми мрҳалаҳои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ, бузургворӣ, иззати нафс ва камолоти инсонии худро ҳифз карданд ва ин мавқеият реша дар эътимоде дошт, ки дар даврони бачагӣ нисбат ба худ пайдо карда буданд.

Мусобиқа аз ҷумла абзоре аст, ки руҳи эътимод ба нафс ва мушкилситезиро дар кўдак зинда нигаҳ медорад. Дар ҷараёни баррасии таърихи зиндагии имомони шиа ба мавридҳое монанди ин вомехўрем, ки танҳо ба нақли намунаи зерро кофӣ медонем:

Рўзе Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн (а) дар як мусобиқаи хаттотӣ ба рақобат пардохтанд. Имом Ҳасан гуфт:

Хати ман беҳтар аст. Ва Имом Ҳусейн ҳам мегуффт:

Навиштаи ман зеботар аст.

Дар охир ҳар лу барои доварии мусобиқа ба назди модарашон омаданд. Фатимаи Заҳро намехост бачаҳо озурда шаванд, бинобар ин фармуд, ба падаратон муроҷиат кунед то ў доварӣ кунад. Ҳазрати Алӣ низ онҳоро назди Паёмбар (с) фиристод ва довариро бар ўҳдаи он ҳазрат ниҳод. Паёмбар (с)низ довариро бар ўҳдаи Ҷабраил супорид. Ў низ ба Исрофил ҳавола кард, то ин ки Исрофил аз ҷониби Худо довариро ба худи Фотима супорид. Ҳазрати Заҳро арз кард, Худоё чӣ гуна байни ин ду доварӣ кунам?

Ба илҳоми ҳазрати Бори Таоло, Сиддиқаи Кубро гарданбанди худро, ки донаҳои он тоқ буданд, пора карда ба замин рехт ва фармуд, ҳар кас бештари донаҳоро ҷамъ оварад, аз ҷониби ман баранда аст. Дар ин сурат яке аз он ду нафар бояд баранда мешуд, аммо Ҷабраил яке аз он донаҳоро ба ду ним тақсим кард то ҳар ду баробар донаҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Ба ин тартиб, ин мусобиқа ду баранда дошт ва ҳар ду дар ин рақобат пирўз шуданд.

Риояти адолат нисбат ба кўдак

Рафтори ҳамоҳанг ва одилона ва муҳаббат ва таваҷҷўҳ ба таври баробар ба фарзандон, асли созандае аст, ки то умқи вуҷуди кўдак, асар мегузорад. Дар бархе аз ривоёт супориш шудааст, ки падару модар аз фарқгузорӣ байни фарзандон ва риоят накардани инсоф дар байни онҳо парҳез кунанд. Балки адолат ва ба як чашм нигаристанро сарлавҳаи рафтори хонаводагии худ қарор диҳанд. Падару модар дар вақтҳои харидани либос, ҳадя ва ҷавоби салом, набояд руҳи кўдакро бо риоят накардани инсоф озор диҳанд. Ногуфта намонад, ин ки падар ё модар ба яке аз фарзандони худ аоқаи хоссе дошта бошад, то ҳадде табиӣ аст ва шояд берун аз иродаи онҳо бошад, амо нуктаи муҳим ва асосӣ ин аст, ки набояд ин алоқаи хосс дар рафтор ва амалҳои падару модар таъсир гузорад, ба тавре ки дигарон ҳам ин алоқа ва иртиботи хоссро бифаҳманд.

Намунаҳое дар зиндагии хонаводагии ҳазрати Заҳро дида мешавад, ки нишонгари таваҷҷўҳ ва диққат нисбат ба ин мавзўи муҳим мебошад.

Рўзе Имом Ҳасан назди Паёмбар (с) омад ва изҳори ташнагӣ кард. Аз Паёмбар дархости об кард. Расули Худо зуд аз ҷой бархост ва зарферо гирифт ва аз гўсфанде, ки дар дар дохили манзил буд, миқдоре шир дўшид ва ба Имо Ҳасан дод. Дар ин миён Имом Ҳусейн хост то зарфи ширро аз бародараш гирад, аммо Паёмбар монеи гирифтан зарфи шир шуд. Фотимаи Заҳро, ки ин саҳнаро мушоҳида кард ба Паёмбар гуфт: Гўё Ҳасан барои шумо аз Ҳусейн азизтар аст.

Паёмбар фармуд:

На ҳар ду бароям азизанд, вале чун аввал Ҳасан аз ман об хост, ҳақро бо ў донистам.

Намунаи дигар ин ки рўзе Расули Худо (с) имом Ҳасан ва имом Ҳусйн(а) ро бар душ гирифт ва ононро мавриди лутф ва навозиш худ қарор доданд. Дар ҳамон ҳол , онҳоро ба хона оварданд ва чун бачаҳо гурусна буданд, модарашон Заҳро (а) барои онҳо нон ва хурмо овард. Пас аз ин ки нон ва хурморо хўрданд, Паёмбар рў ба онҳо кард ва фармуд:

Бо ҳам гўштин бигирид!

Имом ҳасн ва имом Ҳусён (а) ба дархости Паёмбар ,гўштин гирифтанд. Ҳазрати Заҳро (а) мегўянд: ман дидам, ки Паёмбар бо ҷумолоти Ҳасанро ташвиқ кард, дар садади тақвияти ўст. Баҳамин хотир, бо падарам гуфтам:

Эй падари бузургвор !Аз шумо таъҷуб мекунам, ки якеро бар дигари тарҷеҳ диҳед, онҳам бузургтаро бар кучиктар! Паёмбар фармуд:

Дўстам Ҷабраил , Ҳусейнро ташвиқ ва таҳрик мекунад ва ман Ҳасанро ташвиқ менамоям.*

Ин ду ҳодисаи кўтоҳ вале пур аҳамияти таърихи ба мо меомўзонад, ки ҳазрати Заҳро (а) бо тавзеҳоти, ки аз падараш мешунавад, мутақади мегардад,ки тбези дар кор нест. Ба ҳар ҳол еҳтимоми Фотимаи Заҳро (а) ба адами табизи кўдакон, қобили таваҷўҳ ва таъомил аст.

Таваҷўҳ ба ҳозиру ва ғоиби фарзандон

Бар касе пўшида нест, ки бетаваҷўҳи нисбат ба назорат бар фарзандон, ба хусус дар рафту омадҳои онҳо чи натоиҷи зиёнбори ба думол дорад. Бо таваҷўҳ ба хатарот ва таҳдидҳое, ки ҳар лаҳза, саодати як ҷавонро дар маърази нобуди қарор медиҳад, лозим нест, ки рафтори онҳо бавижа мавқеи вуруд ба хона ва замони хуруҷ оз он , мавриди дақиқ ва барас қарор гирад. Гуфтани аст, ки этиёд ва фасод, инҳирофоти фикри ва бисёре аз хатароти дигар аз ҳамин бе таваҷўҳи падар ва модар оғоз мешавад.

Ҳазрати Фотима (а) бо фадо кори ва муҳабати хосе, ки нисбат ба фарзандонаш нишон медод , муроқиби тамоми ҳаракот ва сукуноти онҳо буд, ва бодиқат рафту бар гашти онҳорозери назар дошт. Нақл шудааст, ки рўзе Паёмбар (с) изми хонаи духтараш Фотима (а) гардид. Чун ба хона расид, дид Фотима музтариб ва нороҳат, пушти дар истода аст Он ҳазрат фармуд:

Чаро ин ҷо истодаӣ?

Фотима бо оҳанги музтариб арз кард:

Фарзанднам субҳ берун рафтаанд ва то ба ҳол аз онҳо хабаре нест.

Паёмбар ба дунболи онҳо равон шуд, чун ба наздики ғори Ҷабал расид, онҳоро дид, ки дар камоли саломат ва ормиш машғули бозианд. Онҳоро бар дўш гирифт ва ба сўи хонаи Фотима равон шуд. Ин воқеа худ намунаи гўё аз таваҷҷўҳ ва аҳамият додани ҳазрати Заҳро ба ҳузури фарзандони хурдсолаш буд.

Арҷ ниҳодан ба шахсияти кўдак

Шахсияти ҳар кас ба андозаи асари вуҷудии он фард аст. Ҳар қадар ки таъсири вуҷудии инсон дар ҷомеа, таърих ва наслҳо бештар бошад, ба ҳамон нисбат арзиш ва ифтихори бештаре насиби вай мешавад. Баъзе афрод дорои шахсияти мусбат ҳастанд, яъне аз тавоноиҳои билфеъл ва билқувваи худ, барои салоҳи ҷомеа ва афроди наздики худ истифода мекунанд ва баъзе дигар аз инсонҳо дорои шахсияти манфӣ ҳастанд, яъне ниру ва истеъдоди онҳо монанди заҳри кушандае аст, ки ба пайкари ҷомеа ворид мешавад. Набояд фаромўш кард, ки шакли аслӣ ва аввалии ин ду шахсият ду рафтор, аз ҳамон даврони кўдакӣ сохта мешавад. Аз тарафи дигар осори вуҷудии ҳар шахсе аз нуқтае шурўъ мешавад, ки ба таври сад дар сад таҳти таъсири атрофиён, хусусан падару модар қарор доштааст. Дар таълимоти динӣ омадааст, ки ончӣ кўдак дар тифлӣ меомўзад, то поёни умр ўро ҳамроҳӣ мекунад.

Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн инсонҳои бузурге ҳастанд, ки дар асари шахсияти нофиз ва илоҳии худ тавонистанд масири таърихро тағйир диҳанд ва тағйири сайри таърих ҳосил намешавад магар ба ҳимматҳои баланде, ки дар ҳар асре намунаҳои хеле каме дорад.кист, ки надонад, ин каромат ва ҳиммати волои имомони мо дар асари тарбияти илоҳӣ ва байти малакутии Фотимаи Заҳро (а) аст.

Рўзе Паёмбар (с) вориди хона шуд. Фармуд:

Духтарам имрўз падарат меҳмони шумо аст.

Фотима ҷавоб дод:

Падарҷон фарзандонам Ҳасан ва Ҳусейн аз ман таоме хостанд ва ман қудрати пухтани онро надоштам. Паёмбар (с) ба хона даромад ва дар канори Амиралмўъминин ва Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн нишаст. Фотима ҳамчунон ҳайрон буд, ки меҳмондории Расули Худо (с) чӣ кор кунад?

Дар ин ҳангом Паёмбари Худо (с) дастҳояшро ба қасди таоми биҳиштӣ ба осмон дароз кард, чанд лаҳза баъд Ҷабраил ба назди Паёмбар (с) мушарраф шуд, арз кард:

Ман аз Худованд барои шумо саломи махсус овардаам. Худованд мефармояд:

Ба Алӣ ва Фотима ва фарзандони вай бигў ончӣ аз меваҳои биҳиштӣ мехоҳанд, аз ман талаб намоянд.

Паёмбари Акрам (с) паёми Худоро ба Аҳли Байт (а) расонд, аммо касе чизе нагуфт. Имом Ҳусейн гуфт:

Агар иҷозат даҳед ман барои шумо мева интихоб мекунам.

Ҳама гуфтанд, интихоби туро қабул дорем.

Имом Ҳусейн гуфт: Эй Расули Худо! Ба Ҷабраил гўед мо хурмои биҳиштӣ мехоҳем. Паёмбар ба Фотима ишора кард, ки бархез дохили утоқ шав ва ҳар чӣ, ки онҷост биёр. Фотимаи Заҳро дар он утоқ бо сабади булўрине, ки бо дастмоли абрешимии сабз пўшида шуда буд, рўбарў гашт. Дохили сабад пур аз хурмое буд, ки дар ин фасл намерўяд. Паёмбар (с) хурмоҳоро гирифт ва дар байни аъзои хона тақсим кард ва худ дона-дона дар даҳони Ҳасан ва Ҳусейн гузошт.

Ин ривоятро ба хотири ин нукта овардем, ки то он эҳтироме, ки аҳла хона ба назари Имом Ҳусейн доштанд, мушоҳида кунем. Ончӣ Имом Ҳусейн ирода мекунад, барои дигарон омода мешавад. Ин гуна аҳамият додан ба назари аъзои хонавода, шахсияти мустаҳкамеро барои афрод ба армуғон меоварад.

Аҳамият додан ба ниёзҳои табиии кўдак

Хостаҳо ва ниёзҳои кўдак дар айни ҳол, ки бисёр маҳдуд ва маъдуд аст, то ҳадди зиёде низ табииӣ ва фитрӣ аст. Ниёзи кўдак ба доўтани васоиле барои бозӣ ва саргармӣ ё дидани ҳайвоноте аз қабили шапарак , гурба ва ғ... ниёзҳои табиии ўро ташкил медиҳад ва бетардид бояд мавриди таваҷҷўҳи бузургтарҳо қарор гирад. Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ин навъ тамоюлотро, ки бархоста аз фитрати поку кўдаконаи онҳо аст, нодида гирифт ва бо беэътиноӣ ба ин масъалаҳо онҳоро ба масоиле, ки дур аз табиаит кўдак аст, даъват кард.

Ҷараёни зер таъйидкунандаи эҳтимом (аҳамият) ва таваҷҷўҳе аст, ки авлиёи бузурги дин ба ин гуна корҳо доштанд, дар ҳоле ки ин гуна корҳо дар зоҳир беаҳамият менамояд.

Рўзе араби биёбонгарде бачаи оҳуеро шикор кард ва онро ба унвони ҳадя ба пеши Паёмбар овард, то бачаҳои Фотима бидиҳад. Имом Ҳасан дар он ҷо буд. Паёмбари Акрам онро ба ваё дод. Имом Ҳасан машғули бозӣ бо бачаи оҳу шуд. Дар ин вақт Имом Ҳусейн ворид шуд, вақте ки дид бародири калонаш бо оҳубачаи зебое бозӣ мекунад, аз ў пурсид ин оҳуро аз куҷо овардӣ?

Имом Ҳасан низ барои бародараш нақл кард, ки онро аз куҷо гирифтааст. Имом Ҳусейн худро бо суръат ба назди Расулуллоҳ расонд ва ба ў эътироз кард, ки оҳубачаро ба бародарам додӣ ва барои ман чизе надодӣ. Чанд маротиба ин гуна эътироз кард ва онгоҳ сокит шуд. Қалбаш озурда буд.

Нақл шудааст, ки дар ин ҳол,оҳуе ба ҳамроҳи бачааш, худро ба назди Паёмбар (с) расонд то Имом Ҳусейн низ каме бо он оҳубача бозӣ кунад. Паёмбар он оҳумодарро дуо кард.