Паёми марҷаи олиқадр, ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ ба муносибати тахриби муҷаддади ҳарамайни шарифайни Аскарияйн(а)

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Дасти касифи таҳаҷҷур ва истеъмор бори дигар мусибати бузургеро рақам зад ва мусулмонону шиаёнро азодор сохт. Иҳонату тахриби ҳарамайни Аскарияйн, ки дуюмин бор дар фосилаи кўтоҳе анҷом гирифт, баёнкунандаи умқи душмании мухолифони Ислом аст; тардиде нест, ки ин амал бо тарроҳии Амрико ва дигар ишғолгарон ва бо таҳрики саҳюнизм мебошад. Барои ҳамаи огоҳон равшан аст, ки ваҳобият, ки ба иттифоқи назари ҳамаи гурўҳҳои мусулмон аз Ислом хориҷанд ва зодаи куфру яҳуд мебошанд, ҳеҷ фалсафаи вуҷудӣ ба ҷуз мухолифат бо Ислому Қуръон ва эҷоди тафриқа дар байни мусулмонон надоранд. Ин гурўҳ на танҳо дар паи нобудии мазоҳири муқаддаси шиа, балки дар садади аз байн бурдани ҳамаи осор ва муқаддасоти исломӣ аз ҷумла марқади Набии Акрам (с) аст ва рўзе Қуръон ва Каъбаи муқаддасаро нишон хоҳанд гирифт. Мутассифона дар ҳодисаи гузашта ҷаҳони Ислом аксуламали асосӣ нишон надод, агар давлатҳои исломӣ ва уламои ҳамаи гурўҳҳо аксуламали ҷиддӣ нишон медоданд, имрўз ин мушрикони хабис бо мазоҳири тавҳид чунин бархўрд намекарданд. Бояд ҳамаи мусулмонон ва шиаён зимни ҳифзи ваҳдату оромиш чораи асосӣ барои аз байн бурдани ин мавлуди номашрўъ, яъне ваҳобият намоянд.

Ҳама медонанд Аиммаи Тоҳирин саломуллоҳи алайҳим, улгуи комили тавҳид дар байни инсонҳо ва башариятанд ва эҳтиром ба қабрҳои онҳо ресмони маҳкаме аст, барои наздик шудан ба Ҳақ Таборак ва Таоло ва аз масодиқи равшани "Ва ман яъзаму шаоираллоҳ" аст.

Амрико рўзе як идда ҷоҳили олимнаморо маъмур кард, то шиаро кофир эълон кунанд ва имрўз ба василаи ҳамон гурўҳ даст ба тахриби маконҳои муқаддаса задааст ва аз паи эҷоди ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои исломӣ аст ва ин амре аст, ки ҳушёрии бештари мусулмононро металабад. Душманони Ислом ва Аҳли Байт мутмаин бошанд, ки ин ҳаводис мусулмонони воқеиро барои таъзиму такрим нисбат ба Аҳли Байт ҷиддитар хоҳад намуд. Мо аз давлати муҳтарами Ироқ ба таври ҷиддӣ хоҳиш дорем, ки барои ҳифзи атаботи муқаддаса иқдоми қотеъ дошта бошанд ва аз ин марокиз, ки қалби ҳамаи мусулмонон ба он таваҷҷўҳ дорад, муҳофизат ва муроқибат намоянд.

Инҷониб ин ҳодисаи дилхарошро ба маҳзари муқаддаси Валии Аср Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф) таслият арз менамоям ва барои ҳамаи ошиқон ва дилдоданони Аҳли Байт сабру аҷр аз Худованди Мутаол масъалат менамоям.

Муҳаммадфозили Ланкаронӣ
23.3.1386
13.6.2007