Муқаддима

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

Фотима пораи тани ман аст, ҳар касе ўро озор диҳад маро озор додааст ва ҳар касе маро озор диҳад, Худоро озор додааст.

Дар ин солҳо айёми фотимия, ба хусус фотимияи дуюм ва хусусан рўзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) рўзи сеюми ҷумодиус-сонӣ, ҳоли ҳавои кишвар ва дастаҳои азодорӣ рангу бўи хос ба худ гирифта, мағозаҳо таътил ва дастаҳои азодорӣ, синазанӣ ва занҷирзанӣ дар хиёбонҳо ба сўги бонуе менишинанд, ки пораи тани Паёмбар, ҳамсари Амири Мўъминон ва модари имомони маъсум аст.

Ҳамон бонуе, ки Паёмбари Акрам (с) дар назди дари хонаи ӯ меистод ва бо садои баланд мегуфт: “Ассалому алайкум ё аҳли байтин-нубувваҳ...”

Ба ин васила барои мардуми баъд аз худ ҳуҷҷатро комил мекунад: мақсади ман аз аҳли байте, ки супориши онҳоро намудам, аҳли ин хона аст ва сутуни ин хона Фотимаи Заҳро аст; аммо замоне аз ғуруби хуршеди нубувват нагузашта буд, ки ғуруби ғамгини дигареро барои олами Ислом ба вуҷуд оварданд ва моҳи ҷамоли фотимаи Заҳро дар ҷавонӣ ба воситаи зулм, ситам ва озори номардон ғуруб кард ва сабаб гардид, ки марди ҷангҳо ва майдони мубориза, яъне ҳазрати Алӣ (а) аз пой дарояд.

Ҳангоме ки ҳазрати Алӣ бадани мутаҳҳари бонуи имон, Заҳрои Марзияро нимаи шаб ва махфиёна ба хок месупорид, ғаму андўҳ ба хонаи дилаш ҳуҷум меовард; бо ин ҳол ҳазрат бо истионат ба даргоҳи Худованд ба намоз меистод ва шикоят ба Худо мебурд. Оё ин охирин мазлумияти хонадони Паёмбар буд?

Бояд гуфт, ки чунин набуд, воқеаҳое монанди хонанишинии ҳазрати Алӣ (а), ҷанги Муовия, хаввориҷи Наҳравон ва асҳоби Ҷамал бо он ҳазрат, мазлумияти васии он бузургвор, ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо(а), шаҳодати Имом Ҳусейн(а) ба ҳамроҳи асҳоб ва фарзандонаш дар Карбало ва таври куллӣ мазлумияти ҳамаи иомони маъсум дар тўли таърих, идомаи ҳамон мазлумият буд, лекин мазлумияти музоаф инкори зулм бар мазлум аст.

Ҳодисае, ки дар шуруфи вуқўъ буд ва баъзеҳо бо зери суол бурдани шаҳодати ҳазрати Заҳро (а) ва зулмҳое, ки ба он ҳазрат раво шуда буд, дар паи инкори мазлумият ва зулму ситамҳои воридшуда бар пораи тани Расулуллоҳ буданд.

Аммо бо бедории мароҷеи тақлид ва аз ҷумла ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ ин тавтиаи шум хунсо шуда, аз рўзи шаҳодати ҳазрати Заҳро ошурои дигаре сохтанд ва бо ташвиқи мардум ба азодорӣ ва бузургдошти ин рўзҳо эълон карданд: агар он замон набудем, ки аз Аҳли Байт(а) дифоъ кунем, имрўз бо азодорӣ, синазанӣ, ташкили ҳайъатҳои азодорӣ ва паёмҳо намегузорем мазлумияти ҳазрати Фотимаи Заҳро(а) ба фаромўшӣ супорида шавад.

Шоёни зикр аст, ки ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ солҳост, ки ба муносибати солгарди шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Сиддиқаи Кубро Фотимаи Заҳро (а) ба ҷиҳати аҳамият бар сўгворӣ ва азодории ин мусибати ҷонгудоз аз сўи мардум иқдом ба судури паёмҳое намудаанд, ки тақдими алоқамандон ва дўстони Аҳли Байт(а) мегардад.

Умед аст, ки мақбули даргоҳи Аҳадият қарор гирифта ва сабаби хушнудии он бонуи ранҷдида ва фарзанди дилбандаш ҳазрати Валии Аср(а) гардад.

Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор.




Паёми марҷаи олиқадри шиа, ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ, ба муносибати айёми шаҳодати Фотимаи Заҳро (алайҳас-салом)

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Алҳамдулиллоҳи Раббил-оламин вассалоту вассалому ало сайидино Муҳаммадин ва олиҳит-тоҳирин сиямас-Сиддиқа Аш-Шаҳида Фотима Аз-Заҳро. Валлаъну ало аъдоиҳим аҷмаин.

Ин айём мусодиф аст бо шаҳодати бузургтарин бонуи Ҷаҳони Ислом ҳазрати Фотимаи Заҳро; он ҳақиқат гавҳарест, ки то кунун абъоди вуҷудиаш барои аҳли фикру басират ба сурати саҳеҳ ва дақиқ равшан нагаштааст, зоте, ки аз ғазаби ў Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Ҳақ Таоло ғазаб мекунанд ва аз ризояти ў хушнуд мегарданд. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки ўро Фотима гуфтаанд, зеро ки халқ аз кунҳи маърифати ў маҳруманд; ҳақиқате, ки метавон гуфт илова бар ин ки мевари Аҳли Кисо аст, меҳвари аслии Аҳли Байт дар ояти Татҳир аст ва аз шуои вуҷудии ў иродаи Ҳақ Таоло бар бурдани риҷсу нопокӣ ва покиза гардонидани онҳо тааллуқ гирифт. Мо, ки акнун муфтахар (ифтихорманд) ба пайравӣ аз он бонуи гиромӣ ва фарзандони маъсуми вай ҳастем бояд дар шароити кунунӣ огоҳии бештар нисбат ба афкору андешаҳо ва дастуруламалҳои онҳо дошта бошем ва мабодо анҷоми вазифаҳои худ кўтоҳӣ намоем. Лозим аст уламои билод ва хатибони мўҳтарам илова бар он ки маҷолиси азодориро ҳар чи бошукўҳтар анҷом медиҳанд, абъоди маънавӣ ва илмии он ҳазратро мавриди таваҷҷўҳи хосс қарор диҳанд ва биҳамдиллоҳ мактаби ташайюъ машҳун аз истидлол ва мантиқ аст ва аҳли инсоф ва тадаббур ба роҳатӣ дар баробари он хузўъ менамоянд. Душман имрўз ба хубӣ дарёфтааст, ки барои тиҳӣ намудани ин миллат ва сайтара бар умури онҳо, бояд ончиро, ки таҷаллигоҳи эътиқодот ва имони мардум аст, хомўш ва камранг созад, рўзе бо ҷаҳолати том ва тамом гиря ва аздорӣ бар ҳазрати Сайидушшуҳадо Имом Ҳусейнро кори беҳуда ва мавриди шубҳа қарор дода ва рўзе дар шаҳодати Фотимаи Заҳро тардид мекунад, дар ҳоле ки ин масъала аз возеҳоти таърихи Ислом аст. Муонидин бидонанд, ки агар ба хаёли худ дар шаҳодати он ҳазрат шубҳае эҷод кунанд, ҳаргиз наметавонанд дар мазлумияти эшон ва ситамҳое, ки баъд аз реҳлати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба эшон ворид шуд хадшаеро тасаввур намоянд. Умри кўтоҳи вай, хутбаи оташин ва саросар истидлолии ў дар Масҷидуннабӣ, гиряҳои шабонарўзии эшон, дифои маҳками он ҳазрат аз вилоят, ҳама далели равшане бар мазлумияти он бону аст ва аз ин ҷиҳат Ҷаҳони Ислом дар мазлумияти ў ва шавҳараш азодор ва сўгвор аст. Инқилоби исломӣ аз таваҷҷўҳи хосси мардуми Эрон ба ҳамин айём сарчашма гирифт ва имрўз беҳтарин омил барои ҳифз ва тадовуми он аҳамият додан ба чунин айёме аст. Лозим аст мўъминон ва пайравони Аҳли Байт (а) ба айёми фотимия беш аз гузашта эҳтимом варзида ва нагузоранд ин ҳодисаи ногувор дар лобалои ҳаводиси дигар камранг шавад ва хусусан рўзи сеюми ҷумодиуссониро, ки аз тарафи давлати Ҷумҳурии Исломӣ таътили умумӣ эълон шудааст, мавриди инояти хас қарор диҳанд, то ин ки он ҳазратро, ки молдари фарҳанги ташайюъ аст дар ин роҳ ҳамрпоҳӣ намоем ва дар рўзи қиёмат мавриди шафоати хосси эшон ва авлоди тоҳиринаш қарор гирем.

Вассаломуало ҷамии ихвонунал-мўъминин ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Қуми муқаддас
Муҳаммадфозил




2
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Яке аз бузургтарин ифтихороти шиа, доштани шахсияте аст, ки саййидаи занони олам ва дорои мақоми исмат ва покизагӣ аст ва ба муқтазои ояти татҳир, ки дар мавриди панҷ тан нозил шудааст ва дар раъси онҳо Расули Гиромии Ислом(с) аст, аз ҳар нопокиву палидӣ ва ҳар гуноҳу маъсият тибқи иродаи таквинии Худованди Мутаол дур ва ба таҳорати мутлақа ва покӣ аз ҳар ҷиҳат ороста аст. Мақоми болои он бузургвор аз уфуқи афкори маҳдуд ва норасои мо, берун ва дасти андеша ва фикри мо аз пай бурдан ба он кўтоҳ аст.

Ў аввалин шаҳидаи роҳи пурифтихори вилоят ва имомат буд ва имомони маъсум умуман ба фарзандии эшон ифтихор меарданд.

Фотима зане аст, ки дар авҷи мазлумият ва бо вуҷуди мусибатҳои фаровон, хусусан мусибати аз даст додани Паёмбар(с) ва дар шароити бисёр ҳассос, ки башари оддӣ ҳатто қодир ба сухан гуфтани оддӣ набуд, дар ҳузури ҳокимон ва бузургони қавм он чунон хутбае эрод мекунад, ки хирадмандон аз дарки он оҷизанд, ки чӣ гуна як зан дар чунин мавқеияте битавонад ин гуна мустадал ва маҳкам сухан гўяд, он ҳам матолиби бисёр муҳим ва марбут а тавҳиду нубувват ва имомат ва низ сарзаниши касоне, ки ба ҳукми роҳатталабӣ ва зиндагии ором, вазифаи илоҳии худро тарк намуда ва дар баробари зулми дигарон сукут кардаанд.

Оре бояд эътироф намоем, ки мутаассифона баъд аз гузашти ҳазору чаҳорсад сол, натавонистаем он гавҳари беназирро бишиносем ва аз он таассуфовартар он ки ҷаҳлу нодонӣ ва ҳавасҳои нафсонӣ ва фиреби афкори ба зоҳир ҷадид хўрдан, сабаби он гардидааст, ки баъзе кўрдилон, мақомоти он ҳазратро мавриди тардид қарор диҳанд.

Оре ҳаргиз барои башари оддӣ қобили фаҳм нест, ки як зан аз навъи башар, ба ҳадде аз рушду таолӣ бирасад, ки ризояти ӯ меҳвари ризояти Ҳақ Таоло гардад.

Муддате аст матолибе дур аз ҳақиқат дар мавриди эшон гуфта ё навишта мешавад, ки виҷдони ҳар мунсифу алоқаманд ба ҳақиқатро ҷариҳадор месозад. Саҳеҳ аст, ки масъалаи ваҳдат мавриди таъкиди меъмори бузурги Инқилоби Исломӣ ҳазрати Имом Хумайнӣ буд; аммо мақсади он ҳазрат ин набуд, ки шиа аз мабонии эътиқодии хеш даст бардорад ва шоҳиди кизбу дурўғ ҳатто нисбат ба Фотимаи Заҳро бошад, балки мақсади эшон ин буд, ки муслимин умуман дар баробари душманони Ислом, абарқудрати ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд то душман натавонад бар ҳақиқати Ислом рахна эҷод кунад.

Инак бар шиаён ва пайравони Аҳли Байт лозим аст, ки рўзи сеюми ҷумодиус-сониро, ки мусодиф аст бо шаҳодати он ҳазрат ва давлати Ҷумҳарии Исломии Эрон онро таътили расмӣ эълон кардааст, ҳарчӣ бошукўҳтар азодорӣ намоянд ва маҷолису маҳофили он ҳазратро равнақ бахшида ва бо дастаҳои адоздор дар кўчаю хиёбонҳо зоҳир шаванд то ҳаққи он шаҳидаро адо карда бошем. Равшан аст, ки бетафовутӣ дар ин робита осори манфии нигаронкунандае дар пеш хоҳад дошт.

Вассалому ало ҷамии ибодуллоҳис-солиҳин.

Муҳаммадфозили Ланкаронӣ
18.5.1381.




3
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Дар паи навишаторе, ки соли гузашта ба муносибати солрўзи шаҳодати Сиддиқаи Кубро Фотимаи Заҳро таҳрир шуд, маъруз медорад: бузургдошти шаҳодати он бонуи бузургвор, ки аввалин ва бошахсияттарин шаҳидаи роҳи вилоят аст, таҷдид аҳд бо мақоми болои вилоят, ки икмоли дин ва итмоми неъмати Худованд бо он аст, мебошад. Фотимае, ки ризояти ӯ ризояти Паёмбар (с) ва ризояти Худост ва ғазаби ӯ ғазаби Паёмбар ва ғазаби Паёмбар ғазаби Худост.

Фотимае, ки имомони бузургвори мо яъне комилтарин инсонҳои таърихи башарият ба модарии ӯ ифтихор меварзиданд. Фотимае, ки бо умри бисёр кўтоҳаш, ташайюъро барои ҳамеша бима кард, Фотимае, ки бо хутбаи ғаррояш дўсту душманро ҳайратзада намуд.

Фотимае, ки бо гиряҳои бодавомаш дар дохилу  хориҷи шаҳри Мадина, азамати мусибати аз даст додани падар ва мазлумияти шавҳарашро ба гўши ҳама расонид ва ҳанўз, гўё садои ӯ дар фазои Мадина танинандоз аст.

Мо шиаён ифтихор мекунем, ки маорифи ҳақиқии динро аз мактаби фарзандони маъсуми ӯ фаро гирифтаем. Маорифе, ки бо ақли салим мунтабиқ ва дар ҳар шароите қобили арза ва бархурдор аз ҷомеияте, ки ба ҳамаи ниёзҳои башарӣ посухгўст. Бо мактаби Фотима ва фарзандони ӯ миллати бузург ва огоҳи Эрон тавонист дар баробари зулми золимон биистад ва истиқлолу иззати худро ба даст оварад.

Аз ин ҷиҳат, душманони қасамхўрдаи Ислом ин нуктаро фаҳмидаанд, ки барои нобудии ин миллат бояд фотимия ва ошуро, шаъбону рамазонро аз ин миллат бигиранд ва он гоҳ ба аҳдофи шуми худ ноил шаванд.

Дар ин ҷо тазаккури муҷаддади ин нуктаро лозим медонам, ки таъзими ин айём ва барпо доштани маҷолиси азо ва мусибат, аз сираи мусаллама ва амалии Имом Хумайнӣ буд ва ин амр иртиботе ба қазияи ваҳдат надорад. Ваҳдатеро, ки Имоми бузургвор ва Оятуллоҳ Буруҷардӣ бар он таъкид доштанд, ба ин маъно нест, ки шиа нисбат ба эътиқодоти мусаллами худ сукут кунад ва ё онро нодида гирад, балки мақсад ваҳдати тамоми муслимин дар баробари истикбори ҷаҳонӣ аст, ки иддаои қудрати мунҳасира дорад ва бо илҳом аз саҳюнизм дар фикри фурў пошидани мабонии қатъии Ислом аст.

Инак бар умуми шиаён лозим аст, ки дар рўзи сеюми ҷумоди-ус-сонӣ, ки аз тарафи давлати Ҷумҳурии Исломӣ таътили расмӣ аст, маҳофил ва маҷолиси азоро барпо намуда ва бо дастаҳои азодор дар кўчаҳо ва хиёбонҳо зоҳир шаванд то гўшае аз ҳаққи он шаҳидаро адо карда бошем.

“Мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомўш намоянд, вале Худованд нури худро комил мекунад, ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд”, (Сураи Саф ояти 8); нури илоҳӣ барои ҳамешаи таърих равшан ва дилҳои холӣ аз таассуб аз он баҳраманд аст.

Муҳаммадфозили Ланкаронӣ.
7.5.1382.




4
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Дар айёми шаҳодати Исмати Кубро Фотимаи Заҳро (а) қарор гирифтаем. Вуҷуди шарифе, ки ҳам Умми Абиҳо буд ва ҳам умм ва модари гиромии имомон(а). Ҳақиқате, ки меҳвари Аҳли Байти исмат ва таҳорат ва рамзи азим дар хилқат, ки башарият ҳатто шиаён ва муҳиббон натавонистанд ўро бишиносанд. Инсияе, ки ҳақиқати нуронии ӯ дар паси пардаҳои зулму инонду ҷаҳл ва хусумат боқӣ монд ва то қиёмат ҳам равшан нахоҳад шуд. Шиа ва балки ҳамаи инсоният, мулку малакут ба вуҷуди чунин офаридае ифтихор намуда ба ин кавсари азими худодоаеро сабаби бақои дини Паёмбар(с) ва сероб шудани ҷомеаи башарӣ аз камолот ва улум ва саҷоёи фарзандони гширомии ӯ медонад.

Воқеан агар Заҳро (а) намебуд ва ин дурри гаронбаҳои вуҷуд таҷаллӣ намекард, чӣ уфуқи торике бар олами таквин ва ташреъ тарсим мегашт?! Ҳамаи инсонҳо бар тибқи ояти шарифаи “Бигў: ман ҳеҷ подоше аз шумо бар рисолатам дархост намекунам, ҷуз дўст доштани наздиконам – аҳли байтам”, (Сураи Шўро, ояти 23). Дар баробари ҳаққи маънавии бузурги Паёмбар(с) дар ҳидояти башарият муваззаф ба як таклифи муштараканд ва он маваддат ва муҳаббат ба зилқурбо ва хонадони Паёбар(с) аст, ки дар раъси онҳо Заҳрои Атҳар аст.

Ин амр ба унвони як таклиф ва фариза барои ҳамаи инсонҳо дар тамоми даврон аст ва ихтисос ба мардуми замони он ҳазрат надорад.

Маваддат – итоат ва дўстдорӣ - нисбат ба Фотима такрим ва таъзими он ҳазрат ва эҳёи ёду хотираи ӯ ва зикри ранҷҳо ва мусибатҳое аст, ки бар он вуҷуди нозанин ворид шудааст.

Мо ҳеҷ гоҳ наметавонем он мусибатҳоро фаромўш намоем ва таърих гувоҳ бар ин амр аст, ки дар муддати умри кўтоҳ чӣ заҷрҳо ва зулмҳо бар он бонуи ягона ворид шуд, ки Амиралмўъминин Алӣ (а), ки дар раъси муваҳҳидин аст, баъд аз шаҳодати ӯ фармуд: Ҳузну андўҳам ҳамешагӣ аст ва поён намепазирад. Оё бо чунин таъбире шиаи ҳазрати Алӣ (а) ва уммати Паёмбар(с) метавонад, ҷудо аз ин ҳузну мотам бошад?

Аз ин ҷиҳат бар шиаён ва пайравони Аҳли Байт лозим аст, ки рўзи сеюми ҷумодиуссонӣ, ки тибқи ривоёти саҳеҳ мусодиф бо шаҳодати он ҳазрат аст ва биҳамдиллоҳ дар Ҷумҳурии Исломӣ таътили расмӣ аст, ҳарч5 бештар дар эҳёи ин амр бикўшанд ва бо фарёдҳо ва азодориҳо ва дастаҳо, иродати худро ба он ҳазрат изҳор ва гўшае аз ҳуқуқи он шаҳидаро адо намоянд. Иншоаллоҳ.

Муҳаммадфозил Ланкаронӣ.
29.4.1383.




5
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Ассалому алайки айятуҳас-сиддиқатуш-шаҳида

Дар остонаи солгарди шаҳодати бузургбонуи Ислом ва ҷаҳон Фотимаи Заҳро саломуллоҳ алайҳо қарор дорем.

Вуҷуди шарифе, ки мавориди мубоҳоти Ҳақ Таоло ва пораи қалби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва ҳамсари Амиралмўъминин (алайҳис-салом) ва модари имомон маъсуми мо аст. Он ҳазрат бузургтарин бонуи оламин аст. Гарчи дар Қуръони Крим Худованд нисбат ба ҳазрати Марям фармуда аст «Эй Марям... Худованд туро бар тамоми занони олам бартарӣ додааст”, (Сураи Оли Имрон, ояти 42), аммо бар ҳисоби ривояти мўътабар ин ихтиёр бартарӣ аз он ҷиҳат буд, ки ҳазрати Марям бидуни шавҳар валодати ҳазрати Исо (ало набиййино ва олиҳи  ва алайҳис-салом)-ро муҳаққақ сохт ва аз ин ҷиҳати хос ҳазрати Марям (алайҳо салом) назир надошт. Аммо мақому азамати ҳазрати Фотима (саломуллоҳи алайҳо) дар исмату таҳорат ва убудияту бандагӣ бар ҳамаи занони олам аз азал то абад бартарӣ дорад. Лозим аст шиаён ва мусалмонон рўзи сеюми ҷумодиус-сониро, ки бо шаҳодати он Сиддиқаи Кубро мусодиф аст ва аз тарафи давлати Ҷумҳурии Исломӣ таътили умумӣ эълон шудааст, гиромӣ доранд  ва бо барпои маросими сугвори ва азодори ва бо роҳ андохтани дастаҳои азодорӣ ин рўзро ба ошурои дуюм табдил намоянд, ҳамон тавре, ки биҳамдиллоҳ дар чанд соли охир ин миллати фотимӣ ба вазифаи хеш ба наҳви аҳсан амал карданд ва лозим аст аз ин ҷиҳат тақдир ва ташакур намоям. Равшан аст, ки такрим ва эҳтиром ба Заҳрои Атҳар, ҳамон таъзими Паёмбар (с) ва аҷри рисолати он ҳазрат аст.

Миллати азиз ва бузургвори Эрон бо тамассук ба ҳабли маҳкам ва ногуссатании Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ифтихороти бузургеро дар саҳнаҳои инқилоб офарид ва бо ҳамин ниру ба пеш меравад, бояд бидонем рамзи муваффақияти мо, иртибот ва имони комил ба мактаби имомони атҳар ва тавассул ба он зотҳои муқаддас аст. Ҳувияти воқеии мо, ташайюи ҳақиқӣ ва Исломи ростин аст. Худованди Мутаол  ҳарчи бештар аз инояти кавсари хеш Фатимаи Заҳро (саломулоҳи алайҳо) баҳраманд бифармояд.

Муҳаммадфозили Ланкаронӣ.
15.4.84.